ankaradaescortlar.org samsunescort.asia ankaratcescort.org ankaradaescortlar.asia

КВДК "Кохи матбуот"
Developed by JoomVision.com
Рушди технологӣ
banner
banner
Толорҳои конфронсӣ

Рушди технологӣ

There are no translations available. Рушди технологӣ КВДК «Кохи матбуот» баҳри беҳтар гардидани фаъолияти ташкилотатон хизматрасониҳои рушди технологиро пешниҳод намояд. Хизматрасониҳои...

Read more...

«Маводҳои армуғонӣ»

There are no translations available. Маводҳои армуғонӣ Армуғон ва рамзҳои корпоративӣ: Армуғонҳо (пакет, худнавис ва ё қалам, футболка, бейсболка, ҷом  ва  рӯзномаю ҳафтаномаҳои...

Read more...

Чопи фаврӣ

There are no translations available. Чопи фаврӣ КВДК  «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд дорои  таҷҳизоти навтарини рақамии чопӣ буда, метавонад ба тариқи таъҷилӣ ҳамагуна номгӯйи...

Read more...

Толорҳои конфронсӣ

There are no translations available. Толорҳои конфронсӣ КВДК «Кохи матбуот» омода аст, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои Шумо мусоидат намояд. Толори №1 (тарзи...

Read more...

ЗАНҲОИ СОҲИБКОР

 

Хуҷанд 2-уми декабри 2016 дар толори №1 КВДК “Кохи матбуот” мизи мудаввар бо иштироки занҳои соҳибкор, ҳунармандон, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ, мақомоти иҷроия, намояндагони бонку ВАУ-и шаҳр баргузор гардид. Мизи мудаввар бахшида ба ҷамъбасти озмуни Бонуи соҳибкори сол, Ҷоизаи “Фараҳ-2016” гузаронида шуда дар он раиси Раёсати ТҶ АМЗСТ  Маҳкамова Г. ва Мирзозода Н.  Сардори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Суғд намояндагӣ карданд.

Дар мизи муддавар зиёда аз 30 нафар занхои сохибкори шаҳру ноҳия ширкат варзиданд ва оиди таърихи фаъолияти соҳибкории хеш ва таъсурот аз иштирок дар озмуни “Фараҳ-2016” фикру ақидаҳои худро баён карданд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин ҷамъомад, ин худ ҷалби занону бонувони хонашин ба соҳаи соҳибкорӣ мебошад. 

КВДК "Кохи матбуот"

 

ВОХӮРИИ СОҲИБКОРОН

 

Хуҷанд 24-уми ноябри 2016 дар КВДК “Кохи Матбуот” бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, вохурии ҳамкории соҳибкорони минтақаи Олтойи Федератсияи Руссия бо соҳибкорони вилояти Суғд баргузор гардид. Ҳадафи сафар ба вилояти Суғд ин худ васеъ намудани бозори фуруши маҳсулоти Олтой, ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ, муқаррар намудани робитаҳои нав ва таҳкими алоқаи мавҷудаи саноативу иқтисодии робитаҳои байни минтақа мебошад.

Дар бизнес форуми навбатӣ роҳбари Палатаи савдо ва саноати минтақаи Олтой, Борис Чесноков суханронӣ карда қайд намуд, ки минтақаи Олтой ва вилояти Суғд муносибатҳои шарикии дерина доранд ва имрӯз палатаи савдо ва саноати ду давлат барои мустаҳкам ва васеъ намудани робитаҳои саноативу иқтисодии ду ҷониб кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Инчунин ӯ таъкид намуд, ки ин бизнес-намояндагӣ ба вилояти Суғд барои соҳибкорони Олтой бо ҳамкасбони хеш имконияти роҳҳои нави ҳамкориро фароҳам меорад ва соҳибкорони вилояти Суғдро ба минтақаи Олтой бо ташрифи ҷавобӣ таклиф намуд.

Дар бизнес-форум зиёда аз 40 соҳибкорони вилояти Суғд ширкат варзиданд. Дар рафти вохурӣ шиносоии ширкатҳои Олтой ва вилояти Суғд, гуфтугузор бо намояндагони корхонаву ташкилотҳои вилоятӣ баргузор гардид.

КВДК "Кохи матбуот"

 

ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА

 

   Хуҷанд 14-уми ноябри 2016- дар толори КВДК "Кохи матбуот" бо  ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, нуздаҳумин намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ-сайёҳӣ эноватсионӣ бо иштироки донишгоҳҳо аз давлатҳои Малайзия, Туркия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва ИМА баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёну хонандагони макотиби шаҳру ноҳия, устодону хоҳишмандоне, ки таҳсилоти хешро берун аз кишвар давом додан мехоҳанд, ширкат варзиданд.

Чунин барномаҳо барои баланд бардоштани савияи дониш, таҷрибаомӯзӣ ва васеъ намудани мавкураву чаҳонбинӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад. Мақсади асосии ташкилкунандагони чорабинӣ низ ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар хориҷа мебошад.

КВДК "Кохи матбуот"

 

ҶАЪМИЯТИ УРОЛОГОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 

  Хуҷанд 3-уми ноябри соли 2016- дар толори №3 КВДК «Кохи матбуот» ҷаласаи навбатии Ҷаъмияти урологон ва андрологони вилояти Суғд баргузор гардид.  Дар он ҳамаи урологони шаҳру ноҳия, аз ҷумла  профессори кафедраи урология ва андрологияи ДТБКСТ ҶТ доктори илмҳои тиб  Тавфиқхон Қодирӣ ва дотсент, мудири кафедраи урология ва нефролгияи Академияи тиббии таҳсилоти баъдидипломии Белоруссия номзади илмҳои тиб Дмитрий Ниткин ширкат варзиданд.

Мазбутхон Мақсудов сарвари шӯъбаи эндоурологияи ҶДММ «Муродҷон-М»,  оиди   афзалияти усули лапароскапии тасбити гурдаи пастфаромада маърӯза кард. Инчунин дар семенари омӯзишии навбати  оиди хусусиятҳои физикиву техникии сангҳои гурда ва такмили усулҳои сангзарракунӣ, усули такмилдодани хемостаз ҳангоми аденомэктомияи кушод ва мусрияти роҳи пешоб назари муосир ба масъала, маърӯзаҳо шунида шуд.

КВДК "Кохи Матбуот"

 

ДАСТРАСИ БА АДОЛАТИ СУДӢ

 

   Хуҷанд 1-уми ноябри 2016- дар толори №3 КВДК «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд аз ҷониби ташкилоти ОБСЕ (САҲА) семинар дар мавзӯи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» доир гардид.

Дар семенари мазкур намояндагони ташкилотҳои ҷаъмиятиву мақомотҳои давлатии шаҳру ноҳия ширкат варзиданд. Сухани ифтитохиро намояндаи ОБСЕ дар шаҳри Хуҷанд, Шанчив Туручелвам оғоз карда қайд намуд ки мақсад аз баргузории ин семенар баррасӣ намудани мушкилиҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ва тартиби тавсияҳо барои шахсони маъюб ва қурбонии хушумати оилавӣ мебошад. Оиди ин мавзӯъ иштирокчиёни семенар баромад намуда  дар натиҷа хулосаву тавсияҳои хешро тартиб доданд.

КВДК "Кохи матбуот"

 
  •  
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  Next 
  •  End 
  •  

Page 1 of 28

Хизматрасониҳои «Кохи матбуот»

Рекламаи мо

Кохи матбуот дар Facebook

Vinaora Visitors Counter

mod_vvisit_counterИмрӯз13
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта210
mod_vvisit_counterДар ин моҳ273
mod_vvisit_counterУмуман54815